Ёдбуди устод С. Айнӣ дар Самарқанд
Парерӯз дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ шаби адабӣ бахшида ба рӯзи таваллуди асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустпрезиденти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ баргузор гардид. Дар он толибони илми ин даргоҳи бонуфузи шаҳри қадим, олимону профессорон, аҳли илму адаб, вакилони васоити ахбори оммавӣ иштирок карданд.