Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Самарқанд

11
12 июн. 2019 г.

Барномаи консертӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва таҷлили зодрӯзи шоираи бачагон Маҳбубаи Неъматзода таҳти шиори «Бачаҳо-кафолати ҳаёти ояндаи дурахшон ва бузурги мо» дар толори маҷлисии мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 12-и ноҳияи Самарқанд бо ташаббуси Маркази миллӣ-мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд, дар ҳамкории рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ташкил карда шуд.