Анвар Ахмедов – Занхо "Женщины"

406
31 авг. 2018 г.

Зан бар ин умру баҳори зиндагӣст
Зан лаззату бахту хумори зиндагӣст
Дунё ҳама зебо бувад бо номи зан
Рухсори зан – гули бехори зиндагӣст

Занҳо – шумо фариштаи рӯи замин
Занҳо – шумо ҳам бебаҳову беҳтарин
Занҳо – шумо гулҳои хушбӯи чаман
Занҳо – шумо зеби ҷахон, зеби сухан

Эй мавҷи дарёи навои ман – шумо
Эй авҷи дунёи садои ман – шумо
Шодам ман аз дидоратон, эй бонувон
Эй хоҳарон, эй модарони меҳрубон